ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Соли 2022 дар Тоҷикистон муҷаввизи 15 муассисаи таълимӣ лағв шуд, гуфт Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми кишвар.
Ӯ зимни нишасти матбуотияш тавзеҳ дод, ки асноди ин муассисаҳои таълимӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ набуда, бозпас гирифта шудаанд.
Субҳонзода инчунин сатҳи азхудкунии донишҳоро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми санҷиши давлатӣ ва назорати сифати таҳсилот номутобиқатӣ бо талаботи стандартҳои қабулшуда ошкор шудааст.
Бо вуҷуди ин натиҷаи санҷиш баланд шудани дараҷаи кадрҳо ва мустаҳкам шудани базаи моддию техникиро нишон дод.
Ба гуфтаи ӯ барои муайян намудани сифати дониш ва сатҳи донишандӯзии хонандагону донишҷӯён соли 2022 900 муассисаи таълимӣ аз санҷиши сатҳи сифати таҳсил гузаронида шуданд, ки нисбат ба соли қаблияш 80 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон мутахассисони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар рафти санҷишҳо ба омӯзгорон тавсияҳо дода, ёрии зарурии амалию методӣ расониданд.
Оқои икромӣ мегӯяд, ки дар умум агарчи сифати дониш ва сатҳи донишазхудкунӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутаносибан хуб бошад ҳам, вале ҳанӯз нокифоя буда, ба талаботи меъёрҳои муайяншуда ҷавобгӯ нест.