ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар беҳ намешавад, гуфт, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.
Вай дар ин бора дар нишасти котибони шӯроҳои амниятӣ дар Маскав, ки ба мушкили Афғонистон бахшида шуд, изщори назар кард
"Баъди фирори нерӯҳои мусаллаҳи Амрико аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар, мутаассифона, беҳтар намешавад. Созмонҳои байналмилалии террористӣ фаъолтар мешаванд", - гуфт президент.
Тавре Путин таъкид кард, Русия аз талошҳои истифода аз вазъ дар Афғонистон "барои тавсеъа ё бунёди зербиноҳои худ дар онҷо аз ҷониби давлатҳои ғайриминтақавӣ, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ бунёд мекунанд" нигарон аст.
"Гарчанде ки барои муборизаи ҳақиқӣ бо терроризми байналмилалӣ он чизе лозим аст, ин кишварҳо он корро намекунанд", - хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки намояндагони Шӯрои амнияти 9 кишвар дар Маскав тартиби ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро баррасӣ карданд.
Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода гуфт, ки ҷумҳурӣ барои интиқоли борҳои башардӯстона имконоти логистикии худро фароҳам хоҳад кард.