Лукашенко созишномаи тиҷоратӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард

Санад дар бораи низоми нави тиҷорати мутақобил миёни ду кишвар пас аз як моҳ баъд аз огоҳии дахлдори тарафҳо эътибор пайдо хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус қонун дар бораи тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро имзо кард.
Матни қонун дар сомонаи ҳуқуқии миллӣ нашр шудааст. Ин қонун дар бораи осон кардани тиҷорат байни кишварҳо мебошад.
Сухан дар бораи тасвиби худи санаде меравад, ки раҳбарони ду кишвар дар Душанбе 11 октябри соли 2022 ба имзо расида буданд.
Пас аз ин тарҳи тасвиб дар ҳарду палатаи порлумони Белорус тасдиқ ёфт.
Лукашенко: мушкили паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва эронӣ барои Беларус ҷиддӣ аст
Созишнома пас аз 30 рӯзи аз гирифтани огоҳии охирини хаттӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ дар бораи анҷом ёфтани расмиёти зарурии дохилӣ, эътибор пайдо мекунад.
Тарафҳо ба иҷрои ин созишнома мақомоти гумруки ду кишварро - Кумитаи давлатии гумруки Беларус ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон вазифадор мекунанд.
Муайян карда мешавад, ки низоми соддагардонии тиҷорати мутақобила ба табодули маълумот дар бораи ҳаракати молу воситаҳои нақлиёт мувофиқи шартҳои техникӣ асос меёбад.