ДУШАНБЕ, 8 фев – Sputnik. Рӯзи 8 март дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ ахиран дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Манбаъ хабар додааст, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Модар доир намудани мулоқоту вохӯрӣ, конфронсу суҳбатҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор карда мешавад.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар ин рӯз конфронси вилоятии "Дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон", ташкил карда мешавад.
Ҳамзамон дар Рӯзи Модар дар вилоят ташкили мусобиқаҳои варзишии волейбол, баскетбол, теннизи рӯи миз, шашкаю шоҳмот байни бонувон дар ташкилоту идораҳо ва донишгоҳҳо, аёдати занони фаъол ва собиқадорони меҳнат дар назар дошта шудааст.
Инчунин ба иттилои мақомоти Суғд дар даҳаи аввали моҳи март ҳамзамон ба ифтихори Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ низ баргузор карда мешавад.