ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҳамид Хуросонӣ, амири пешини амниятии Панҷшер дар изҳороте дар саҳифаи твиттерии худ гуфт, ки толибҳо бо Ал-қоида иртибот дорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Хуросонӣ дар посух ба суолии мабнӣ бар инки чаро толибҳо дар Давҳа тавофуқ карданд то барои Ал-қоида иҷоза намедиҳанд алайҳи Амрико амалиёт анҷом диҳанд, гуфт: ҳеҷ касе тавофуқномаи Давҳаро надидааст.
“Ал-қоида гурӯҳ террористӣ нест, Ал-қоида* бародарон мо ҳастанд ва Аморати исломӣ бо онҳо иртибот мухлисона дорад”,- таъкид кард Хуросонӣ.
Вай ҳамчунон гуфт, ки Ал-қоида* мусулмон ҳаст, аммо дар Афғонистон вуҷӯд надоранд.
Пештар толибҳо Абдулҳамиди Хуросонӣ, яке аз қумондонҳои тоҷиктаборашон дар вилояти Панҷшерро халъи силоҳ карданд.
тамоми аслиҳаву амволи Хуросонӣ, ки дар маҳаллаи Хайрхонаи Кобул буд, мусодира шуд.
ахмин меравад, ки ин як вокуниш ба шикоятҳои Хуросонӣ ба расонаҳои мухолиф дар бораи раҳбарони толибҳо мебошад.
Вай ахиран дар "Twitter" навишт, ки аз хидмат дар сафи ин гуруҳ худдорӣ мекунад, зеро дар он ҷо паштунҳои ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ ҳукмронӣ мекунанд, бахусус вазири дифоъ, Муҳаммад Яъқубро зикр намудаст, ки аз рӯи меъёрҳои қавмӣ афроде мисли Хуросониро таҳқир мекунад.
* - созмони маманӯъ дар қаламрави Русия