Душанбе маълум кард, ки чанд наҷотдиҳандаро ба Туркия мефиристад

Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон бо дастури президент ба Туркия сафарбар карда шуда, дар бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовар иштирок мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки барои кумак ба мақомоти Туркия 50 наҷотдиҳанда фиристад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ дод/
Қаблан хабар дода шуд, ки мақомоти тоҷик аз роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтаанд, ки ба кумаки Туркия шитобанд. Ба иттилои сухангӯи КҲФ, барои муайян намудани тафсилоту теъдод, дар Вазорати умури хориҷӣ ҷаласа бо иштироки роҳбари КҲФ Рустам Назарзода баргузор гардид.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои охир теъдоди кушташудагони заминҷунбии мудҳиш дар Туркия ва Сурия наздики 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Туркияро боз заминларза такон дод: қурбониёни офат афзоиш ёфтанд
Мақомоти Туркия ҳисобот додаанд, ки то ҳол аз харобаҳои заминларза дар кишвар 3419 ҷасад пайдо кардаанд. Инчунин беш аз 20 ҳазор нафари дигар маҷруҳ гардидаанд.
Ҳамзамон мақомоти Сурия аз кушта шудани 711 нафар хабар дода, зикр намуданд, дар манотиқе, ки таҳти назорати Димишқ қарор надоранд, инчунин 733 сокини дигар ҷон бохтанд.
Заминларзаи ахир, ки ҳазорҳо нафарро кушту теъдоди зиёди иншоотро хароб намуд, аз қавитарин ҷунбишҳои замин дар таърихи Туркия арзёбӣ мегардад.
Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пайи заминларзаи харобиовар дар кишвар то 12 феврали соли равон мотами миллӣ эълон кард.