ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Соли 2022 аз ҷониби Cуди Олии иқтисодии Тоҷикистон 3 568 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, иттилоъ додааст раиси Cуди Олии иқтисодии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ.
“Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти баамалбарории адолати судӣ собит месозад, ки аз ҷониби марҳилаҳои якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маҷмӯъ 3568 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд”,- гуфт ӯ.
Оқои Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз ин миқдор парвандаҳо бештарашон ба масъалаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷудо кардани саҳмияҳои замин ва рӯёнидани маблағҳои соҳибкорӣ марбут мебошанд.
Гуфта шуд, ки аз рӯи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз ҷумла Созишномаи Кишинёв аз 7 октябри соли 2002 "Дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ" ба судҳои иқтисодӣ 49 супориши судӣ ворид гардида, иҷрои 28 супориши судӣ таъмин карда шуд.
Ҳамзамон хабар дода шуд, ки 4 дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид ва баррасӣ карда шудааст.