ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар робита ба заминларзаи шадиди ахир дар Туркия барқияи тасаллӣ ирсол кардааст.
Дар он аз номи тамоми мардуми тоҷик аз хабари садҳо кушта ва ҳазорон захмӣ изҳори андӯҳи амиқ кардааст.
“Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву таслияти самимии ҷониби моро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти Туркия иброз медорам", - дар барқияи кишвардори Тоҷикистон.
Раҳбари Тоҷикистон, ба аҳли пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 феврал соати 04:20 дар ҷануби Туркия заминларзаи 7,5 балла сар зад, ки бар асари он ҳазорон бино дар ин минтақа ба замин фурӯ рехта, садҳо нафар мардуми зери харобаҳо монданд.
Баъд аз зуҳр як заминларзаи дигар дар қисмати марказии кишвар рух дод, вале аллакай 7,8 балл буд.
Тибқи иттилои расмӣ, шумори кушташудагон ба 900 нафар ва шумори захмиён беш аз 5 ҳазор нафарро расидааст.