Дастури генерал Раҳимзода барои тезондани сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаи нав

Гурӯҳи муштараки корӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва роҳбарияти Хадамоти алоқа барои корҳои фаҳмондадиҳӣ равона шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода барои ҳарчӣ тезонидани сабти симкортҳои шаҳрвандон бо шиносномаҳои ID, намунаи соли 2014 дастур додааст.
Ба иттилои ВУД, гурӯҳи муштараки корӣ, ки шомили сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, генерал-майори милитсия Ҳусейн Халилзода ва муовини аввали сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев мебошад, ба Суғд сафарбар гардиданд.
Таъкид шуд, ки мақомдорони мазкур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ, ки дар минтақа фаъолият доранд ва сардорони Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд машварати корӣ анҷом дода, тезондани корро ба миён гузоштанд.
Зикр гардид, ки ҳукумат муҳлати бақайдгирии дигарбораи симкортҳоро бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2023 муқаррар кардааст.
“Замимаҳо”: сабаби сустии суръати интернет дар Тоҷикистон маълум шуд
Мақомоти маҳаллӣ хабар додаанд, ки дар минтақаи Суғд 95%-и аҳолӣ бо шиносномаи ID, намунаи соли 2014 таъмин карда шудааст.
Ахиран муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, иттилоъ дода буд, ки аз миёни беш аз 2 млн симкорте, ки то ҳол бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 дар қайданд, беш аз 880 ҳазорашон фаъол мебошанд.
Вай аз шаҳрвандон даъват намуд, ки симкортҳоро тайи рӯзҳои боқимонда ба қайд гиранду соҳиби туҳфаҳо дар шакли интернету тарофаҳои муфид шаванд.
Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯзи соли 2016 дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ қабул шуда буд, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд, ки то ҳол пурра иҷро нашудааст.