Сергей Лавров нияти сафар ба Тоҷикистонро дорад

Бо кадом мақсад дипломати рус ба Тоҷикистон меояд дар ҳоли ҳозир маълум нест ва санаи дақиқи сафари ӯ низ ифшо нагардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар ҷадвали кории вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров сафар ба Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия хабар доданд, дипломат ният дорад, ки дар семоҳаи дуюми соли 2023 ба Тоҷикистон сафар анҷом диҳад.
Моҳи март ба ҷуз аз ӯ нахуствазир Михаил Мишустин низ азми сафари Тоҷикистонрло дорад.
Русия боз ба бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт
Ҳамчунин, аз 2 то 3 март дар кишвар ҳамоиши соҳибкорон ва сармоягузорони Русияву Тоҷикистон баргузор мешавад. Баргузории он бо Конфронси ҳамкории байниминтақавӣ якҷоя карда мешавад. Мавзӯи аслӣ "Ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон" хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Маскав омад ва дар онҷо тавонист бо ҳамтои русаш дидор кунад.
Сипас дипломатҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои кишварҳо ва мавқеи забони русиро дар минтақа баррасӣ карданд.