ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" дар соли 2022 ба шахсони хуқуқию воқеие, ки ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зарар расидааст, дар ҳаҷми 5 миллиону 878 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд, гуфт дар ин бора директори корхонаи мазкур Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи вай дар соли сипаригардида “Тоҷиксуғурта” бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмӯъ 565 ҳазору 922 адад шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонидааст.
Қайд карда шуд, ки аз ҳисоби шартномаҳои басташуда ба корхона 40 миллиону 838 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, иҷрои нақшаи солона 125,3 дарсад таъмин карда шуд.
Тавре зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, аз шумораи умумии шартномаҳои басташуда ба маблағи 37 миллиону 446 ҳазор сомонӣ, яъне 91,7 дарсад маблағи умумии воридгардида ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд.
Оқои Мақсудзода қайд кард, ки ин гувоҳи боло рафтани маърифати суғуртакунонии мардуми мамлакат мебошад.