Дар Хатлон миёни хонандагони мактабҳо худкушӣ каму ҷиноят зиёд шудааст

Мақомоти вилояти Хатлон эълон кардааст, ки танҳо дар як соли хониш аз ҷониби хонандагони мактабҳои вилоят 36 хонанда даст ба худкушӣ задаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар соли 2022 дар байни хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон 36 ҳодисаи худкушӣ ва 225 ҳолати содиршавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, гуфт дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода.
Вай дар нишасти хабарӣ қайд кард, ки танҳо дар як соли хониш аз ҷониби хонандагони мактабҳои вилоят 36 хонанда даст ба худкушӣ задаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2021-ум 2 ҳолат кам аст.
“18 писар ва 18 духтар дар соли 2022-юм даст ба худкушӣ задаанд, ки омилҳои худкушии онҳо муноқишаҳои оилавӣ ва бемории руҳӣ аст”, - гуфт сардори Раёсат.
Вай илова кард, ки худкушӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Данғара, Вахш ва Қубодиён ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон бештар занони вилояти Суғд худкушӣ мекунанд. Чаро?
Ғазалшо Сафарзода илова кард, ки дар соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 225 ҷиноят содир шудааст, ки ин омор нисбати соли 2021-ум 84 ҷиноят зиёд аст, ки аз ин ҷиноятҳо 66 дарсадашро дуздӣ ташкил медиҳад.
“Аз ҷиноятҳои содиршуда 64 ҳолати онро нобилоғоне содир кардаанд, ки пас аз хатми асосӣ дигар дар мактабҳо таҳсил намекунанд”, – гуфт ӯ.