Тонкҳои Русия дар Тоҷикистон дастаҳои ҷангҷӯёни шартиро нобуд карданд

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо тирандозӣ аз танкҳо дар муҳити то ҳадди имкон ба фазои ҷангӣ омодашуда, анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳайати низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар яке аз тамрингоҳҳои Тоҷикистон машқҳо анҷом доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии низомӣ.
Ҳарбиён аз танкҳои Т-72В3М нобуд кардани техникаи ҳарбӣ ва қувваи кории душманро кор карда баромаданд.
"Танкчиёни пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар яке аз тамрингоҳҳои кӯҳӣ тамрини тирандозии мустақим анҷом доданд", - омадааст дар хабарнома.
Барои ба вуҷд овардани вазъият ҳарчӣ ба фазои ҷангӣ наздиктар воситаҳои садоии сабук, норинҷакҳои дудзо ва минаҳои таълимӣ истифода бурда шуданд.
Дар рафти чорабинӣ хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳадафҳои ҳаракаткунандаи мошинҳои зиреҳпӯши гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ бомуваффақият зарба заданд.
Консерни "Калашников" қарордодҳоеро барои таъмини силоҳ ба кишварҳои СПАД имзо кард
Гуфта мешавад, ки тирпарронӣ аз танкҳо ҳангоми ҳаракат, ист, истгоҳҳои кӯтоҳ, инчунин аз паноҳгоҳҳо ва ҳангоми ивази ҷой мавқеъи эҳтиётӣ анҷом дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 201-уми РВБ мустақар дар Тоҷикистон, бузургтарин иншооти низомии Федератсияи Русия берун аз марзи он дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Пойгоҳ бо муосиртарин техникаи заминиву фазоӣ муҷаҳҳаз буда, таҷрибаи усулҳои муосири амалиётиро дорад.