ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои ҳамдигар дар соли 2022 бурсияҳо надоданд.
Дар ин бора директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Рамазон Одиназода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ин вазъ дар таърихи равобити ду кишвар барои нахустин бор рух медиҳад. Қабл аз ин, ҳар сол тибқи як созишномаи байниҳукуматӣ грантҳо ҷудо мешуданд.
Дар ҳамин ҳол, 42 донишҷӯи тоҷик дар Қирғизистон таҳсилро идома медиҳанд, вале аксарият ба донишгоҳҳои ватанӣ гузаштаанд.
Тавре Одиназода таъкид кард, татбиқи барномаҳои байналмилалӣ танҳо пас аз барқарор шудани муносибатҳои неки ҳамсоягии байни давлатҳо имконпазир мегардад.
Вай махсусан қайд кард, ки донишҷӯёни Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, “ба ягон мушкиле рӯбарӯ нестанд”.