ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Соли 2022 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 15 иншооти фароғатӣ ва фарҳангӣ, 16 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, 215 маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, аз моҳи январ то декабри соли 2022 беш аз 138 ҳазор нафар сайёҳон аз ҷойҳои таърихию мадании вилоят аз рӯи 205 хатсайри тартибдодашуда дидан карданд. Аксари он барои саёҳати дохилӣ буд.
Ҳоло дар вилояти Суғд 43 ширкати сайёҳӣ ва 2 созмони дигари ҷамъиятӣ, аз ҷумла Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият доранд.
Илова бар ин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 64 меҳмонхона, 31 истироҳатгоҳ ва хостелҳо мавҷуданд, ки барои зиёда аз 7 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки барои рушди сайёҳӣ дар вилоят ба соҳа як қатор имтиёзҳои махсус пешниҳод карда мешавад. Маблағҳо пеш аз ҳама барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ истифода хоҳанд шуд.