ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шиддатёбии вазъ дар Украина аз ҷониби Ғарб аён аст, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Россия 24” ва хабаргузории РИА “Новости”.
" Ғарб ором шуда наметавонад ва мисли афсонаҳо бо ҳар иқдоми гирифтааш дар ботлоқ бештар фуру меравад - ин дар ҷараёни амалиёт нақши муҳим дорад. Ин шиддат аст, шумо комилан дуруст мегӯед” – посух дод Лавров ба сувол дар бораи авҷ гирифтани низоъ дар партави интиқоли силоҳи Ғарб.
Дар ҳамин мусоҳиба оқои Лавров бо боварӣ изҳор кард, ки зидди Русия дар Украина тамоми кишварҳои НАТО ҷанг дорад.
“Мо мебинем, ки зидди мо тамоми НАТО ҷанг мекунад”,- қайд кард Лавров.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кишварҳои Ғарб барои ба артиши Украина супоридани танкҳо ба мувофиқа расиданд. Русия ба ин иқдоми кишварҳои Ғарб вокуниш нишон дод ва гуфт ин иқдом метавонад шиддат ёфтани низоъ дар Украина таъсири кумак намояд.
Чанде пеш дабири кулли НАТО эълон кард, ки ба Украина танкҳо барои баргардонидани қаламрави худ аз дасти Русия лозим аст.
“Ҳоло Ғарб бояд ба Украина силоҳҳои муоссир ва сангин, аз ҷумла танкҳо диҳад. Ин иқдом на танҳо барои дифои худ, балки барои "баргардонидани қаламравҳо" аз даст дода аст диҳад”, гуфт Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг.