ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Маскав ба шарикони худ дар СПАД бо дархости кумак дар амалиёти вижа дар Украина муроҷиат накардааст, гуфт вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров.
"Мо бо чунин дархост ба касе муроҷиат накардаем. Мо аз он бармеояд, ки мо ҳама чизи заруриро барои ҳалли вазифаҳои амалиёти вижаи низомӣ, хотима додани ҷанг, ки Ғарб тавассути режими Украина пас аз табаддулот бар зидди Русия оғоз карда буд, дорем", - гуфт оқои Лавров дар мусохиба бо телевизиони “Россия 24” ва РИА “Новости”.
Ба гуфтаи вазир, Русия гумон аст, ки дар оянда ба СПАД барои кумак дар амалиёти вижа дар Украина муроҷиат кунад, зеро аз лиҳози таъминоти нерӯҳои мусаллаҳи Русия заруратро намебинад.
"Фикр мекунам, ки ин иқдом дар оянда сурат нахоҳад гирифт, зеро мо дар мавриди таъминоти нерӯҳои мусаллаҳи худ ва чӣ гуна кор кардани онҳо дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заруратро намебинем", - гуфт Лавров дар мусоҳиба.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин мусоҳиба вазири умури хориҷии Русия қайд кард, ки кишвараш дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Украина бо тамоми кишварҳои узви НАТО меҷангад.