“Куштори иҷбории мурғон”: сабаби аслии камбуди тухм чист?

Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон ахиран сабаби асосии камбуд ва болоравии нархи тухм дар бозорҳои кишварро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 02 февр – Sputnik. Қаблан нархи як дона тухм дар Тоҷикистон беш аз як баробар боло рафта, дар ҳоле ки кишвар аслан аз хориҷ тухми истеъмолӣ ворид намекунад.
Ҳабибуллоҳ Қаландарзода, муовини раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар пайи нобудии як қисмати умдаи паррандаҳо, бахусус, дар вилояти Суғд чунин вазъ пеш омадааст.
“Санҷишҳои мо нишон дод, ки дар аксари корхонаҳои паррандапарварӣ, бахусус, дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Ашт, асосан чӯҷаҳои якшабонарӯза нобуд шудаанд. Сабаби нобудшавии онҳо ба меъёр ҷавобгӯ набудани ҳолати нигаҳдорӣ аст. Тибқи омори ироашуда дар байни мурғҳои тухмдеҳ ва гуштӣ талафот нест”, - гуфт Ҳабибуллоҳ Қаландарзода.
Тибқи иттилои Кумитаи амнияти озуқаворӣ, тайи як соли гузашта ҳудуди 1 миллиону 815 ҳазор сар паранда дар кишвар талаф ёфтааст, ки аксари он - 1 миллиону 100 ҳазор сари он ба маркази асосии парандапарварии Тоҷикистон – вилояти Суд рост меояд.
Мақомот ва соҳибкорони Суғд дар талоши паст кардани нархи гӯшти мурғ дар вилоят
Аммо Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ, гуфт, ки ин омор то ҷое дигаргуна ташреҳ шудааст ва сухан на аз талаф ёфтан ё дар пайи ягон бемории сирояткунандаи хатарнок нобуд шудани мурғон, балки куштори иҷбории онҳо меравад.
“Мурғ, ки се – чор сол тухм доду аз тухм монд, маҷбур кушта мешавад. Аммо теъдоди куштори мурғонеро, ки ба иҷбор кушта шудаанд, низ ба омори талафот ҳамроҳ карда мешавад. Мо аз хориҷ инкубатсионӣ ворид мекунем, на тухми ғизоӣ. Дар оғози соли тухм аз Тоҷикистон ҳатто содир шуда буд. Аммо дар моҳҳои сентябр – октябр дар пайи афзудани мавориди куштори иҷбории мурғон тавлиди тухм кам ва нархаш зиёд шуд”, - гуфт Муҳаммадсаид Файзуллоев.
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 1 миллиарду 29 миллион (дар соли 2021 800 миллион) адад тухм фақат дар корхонаҳои кишоварзӣ истеҳсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тухм дар бозорҳои Тоҷикистон тайи соли 2022 қариб як баробар қимат шуд ва нархи як дона тухм аз 1 сомонӣ ба 1,8 – 2 сомонӣ хест. Ва бино ба омори вазорати кишоварзӣ, ки истеҳсоли тухм дар соли гузашта 1 миллиарду 212, 2 миллион адад ҳисоб шуда, саршумори паранда низ ба 116,4 дарсад ё 1,5% афзудааст.
Истеҳсоли мурғ ва тухм дар Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расид
Абдулваҳҳоб Афғонов, мутахассиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ, мегӯяд, ба ҷуз куштори иҷбории мурғон қимати хӯроки парранда аст, ки аз хориҷ ворид мешавад.
“Мо хӯроки парандаро пурра аз хориҷ ворид мекунем ва ин сабаби аслии қимат шудани нархи тухм аст”, - гуфт ӯ.
Як тан аз мурғпарварони Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳудуди 80% арзиши аслии як тухмро харҷи хӯроки мурғ ташкил медиҳад.
“Беш аз 20 ҷузъи хӯрок, витаминҳо ва мавод маъданӣ дар парвариши мурғон истифода мешавад, ки 95 дарсади он аз кишварҳои дигар - Қазоқистон, Русия, Аврупо, ҳатто аз Амрикои Лотин ворид мешавад. Аммо афзойиши қимат якбора ба 80-100% воқеӣ нест. Эҳтимолан гаронии нарх дар кишварҳои ҳамсоя тоҷиронро таҳрик додаву далели аслии гаронии тухм шудааст”, - гуфт ӯ.
Раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ низ ҷой доштани содироти дар аввали соли гузаштаро таъйид кард, аммо манобеъи огоҳ тахмин мезананд, ин ҳолат дар моҳҳои дигар низ ҷой дошта, дигар имкони коҳиши нархи тухм, бо вуҷуди тавлиди рекордии он дар Тоҷикистон, аз байн рафтааст.