ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Эрон Исроилро дар ҳамла ба як иншооти низомӣ дар Исфаҳон муттаҳам кард, хабар медиҳад ISNA.
Намояндаи доимии кишвар дар СММ Саид Ирвонӣ гуфт, дар натиҷаи тафтишоти муқаддамотии ин ҳодиса ба чунин хулоса омадааст.
"Режими саҳюнистӣ масъули ҳамлаи террористӣ ба таъсисоти вазорати дифоъ дар шаҳри Исфаҳон аст, аъмоли ин режим хилофи қавонини байналмилалӣ ва маҳкум шудааст", - омадааст, дар нома ба дабири кулли СММ.
Тавре намояндаи доимии Эрон таъкид кард, ин кишвар барои таъмини амнияти миллии худ ва вокуниши шадид ба ҳар таҳдиди Исроил заминаҳои қонунӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 29 январ дар Исфаҳон таркиши шадиде ба амал омад.
Вазорати дифои ин кишвар аз талоши бемуваффақияти ҳамла ба яке аз иншооти низомӣ бо истифода аз квадрокоптер бо маводи тарканда хабар дод.
Ҳамин тавр, яке аз ҳавопаймоҳои бесарнишин зада шуд, дуи дигар пас аз афтодан ба доми дифоъ таркид.
Худи ҳамон шаб дар шимолу ғарби кишвар дар як корхонаи равғани мотор таркиши дигар ва сӯхтор ба амал омад.