Маълум шуд, ки нахустин парвози “Georgian Airways” ба Душанбе кай сурат мегирад

Ширкати ҳавоии “Georgian Airways” эълон кард, ки нахустин парвози ҳавопайми ин ширкат дар масири Тифлис-Душанбе-Тифлис дар моҳи апрели соли равон сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Ширкати ҳавоии “Georgian Airways”-и Гурҷистон тасмим гирифтааст аз моҳи апрели соли 2023 парвозҳояро дар масири Тифлис-Душанбе-Тифлис шурӯъ намояд, гуфт дар ин бора дар нишасти хабарӣ Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Дилшод Сафарзода.
Оқои Сафарзода гуфт, ки нисбат ба ин масъала моҳи феврал ҳайати намояндагони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Гурҷистон гуфтушунид хоҳанд кард
Ҳамзамон Директори Агентии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки дар оянда байни Тоҷикистон ва Покистон, инчунин Арабистони Саудӣ парвозҳои мустақими ҳавоӣ ташкил карда мешавад.
Тоҷикистон бештар аз тариқи Гурҷистон ба харидории мошинҳо шурӯъ кард
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, 29 декабри соли гузашта нахустин парвози ҳавопаймои ширкати кувайтии “Jazeera Airwaus” дар хатсайри Кувайт-Душанбе-Кувайт ба роҳ монда шуд.
Ширкати “Jazeera Airwaus” дар як ҳафта ду парвозро дар масири Кувайт-Душанбе-Кувайт анҷом медиҳад, ки он дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, хусусан дар бахши иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.