ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии ИДМ, ки моҳи марти соли 2023 дар Маскав баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС дар истинод ба дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев хабар дод.
"Ҷаласаи Шӯрои иқтисодӣ 17 март дар Маскав ҳамзамон бо ҳамоиши анъанавии иқтисодии ИДМ баргузор мешавад. Умедворем, ки дар он намояндагони тамоми кишварҳои муштаракулманофеъ ҳузур хоҳанд дошт ва мо ҳамчунин намояндагони СҲШ, кишварҳои узви БРИКС ва албатта, шарикони мо аз созмони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро даъват кардем”, - гуфт дабири кулли ИДМ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 нишасти анъанавии ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор шуд.
Рушди бомуваффакияти ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ кайд карда шуд. Таъкид шудааст, ки чунин динамикаи рушд дар пасманзари шароити номусоиди сиёсиву иқтисодӣ – ноустуворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва фишори таҳримии як қатор кишварҳо ба назар мерасад.