ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи худкифо набудани даромади ин шаҳр иттилоъ дода, чи гуна раҳо шудан аз субвенсияро шарҳ дод.
Баҳодурзода аз нақши омили мавҷуда таъкид намуд, ки барои берунравӣ аз субвенсия муассир шумурда мешаванд.
Ӯ, яке аз ин омилҳоро аз роҳандозии корхонаҳои нави саноатӣ донист ва афзуд, ки чунин замина беш аз пеш фароҳам шудааст.
“Дар соли ҷорӣ мо сохтмони 12 корхонаи хурду бузурги саноатиро ба нақша гирифтаем. Ба ин тартиб имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва мо кӯшиш мекунем, ки вазъи иқтисодӣ боз ҳам беҳтар шуда, пардохти маош ва нафақаи сокинон аз ҳисоби даромадҳои шаҳр таъмин мегардад” - гуфт, раиси Исфара.
Бино ба иттилоъи ӯ, соли 2022 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара ба 181,1 млн сомонӣ баробар шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 172 млн сомонӣ зиёд буда, суръати рушди истеҳсолот ба 142% таъмин шудааст.
Вале бо ин вуҷуд Исфара ҳоло яке аз 11 шаҳру навоҳии субвенсионӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Исфара дар замони Шӯравӣ аз шаҳрҳои рушдкардаи саноатӣ шумурда мешуд.
Бар пояи маълумоти Сарраёсати молия зимнан ба ҳисоби Исфара, Конибодом, Истиқлол, Ашт, Деваштич, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ситамен, Ҷ.Расулов, Шаҳристон ва Мастчоҳ аз шаҳру ноҳияҳои субвенсионии вилояти Суғд маҳсуб мешаванд.
Анвар Мирзозода, сардори Сарраёсати молияи Суғд, гуфта буд, ки як соли қабл чунин шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби буҷҷаи вилоят 270 млн. сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ ирсол карда шудааст.
Шаҳрдори Исфара кушодани боғҳои нави зардолуро яке дигар аз омилҳои муҳим барои бо шуғл фаро гирифтани сокинон дар Исфара муҳим арзёбӣ кард.