ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна вазъи молиявии Амонатбонк дар ҳолати хуб қарор дорад, гуфт раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" Икромӣ Сироҷиддин Салом дар дидор бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ.
Бино ба иттилои раиси “Амонатбонк” фаъолияти бонки мазкур дар соли 2022 самаранок будааст.
Нимаи дуюми санаи 01 феврали соли 2023, ҳайати кории Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Хуан Карлос оид ба гузаронидани баҳодиҳии самараноки идоракунии қарзи давлатӣ ба бинои марказии Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" ташриф оварданд.
Дар ҳамин ҳол дар рафти мулоқот намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ қайд намуданд, ки “Амонатбонк” яке бонкҳои асосӣ ва низомсоз буда, метавонад саҳми назарраси худро дар ҷоннок намудани бозори қоғазҳои қимматноки ҷумҳурӣ гузорад.
Зикр гардидааст, ки аз тарафи ҳайати кории Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи қарзҳои давлатӣ саволҳои гуногун пешниҳод гардида, аз ҷониби муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Дар ин мулоқот намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ қайд карданд, ки омода ҳастанд ҳамкориҳояшро бо БДА ҶТ "Амонатбонк" густариш диҳад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои муштарак иброз намуданд.