Ҳаҷ осону арзон мешавад? Нақшаи "Сомон Эйр" барои парвозҳо ба Саудӣ аз Душанбею Хуҷанд

Роҳбарияти мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон эълон кард, ки дар ояндаи наздик ба кадом кишварҳо нияти роҳандозии парвозҳои мустақимро доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Урумчӣ, Ҷидда, Тифлис, Боку ва Исломобод дар феҳрасти масирҳое ном бурда шуданд, ки дар ояндаи наздик метавон аз Душанбе ба он ҷо мустақим парвоз кард.
Ин феҳраст зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва ширкатҳои фаъол дар соҳа ироа гардид.
Раиси "Сомон Эйр", Абдулқосим Валиев изҳор дошт, ки парвоз ба Теҳрон аллакай оғоз гардида, феълан 1 парвоз дар ҳафтаро ташкил медиҳад. Ӯ илова намуд, ки ояндаи наздик шумораи парвозҳоро ба 2 адад дар як ҳафта мерасонанд.
Ба иттилои ӯ, парвозҳо ба Урумчӣ низ баъди танаффуси тӯлонӣ 8 феврал оғоз гардида, дар марҳилаи аввал ҳафтае як бор ва аз моҳи март 2 борӣ анҷом дода мешаванд.
Як мусофиру 10-15 гуселу пешвозгир: шарҳи мушкили тартиботу тозагӣ дар фурудгоҳи Душанбе
Аз нақшаҳои дигари "Сомон Эйр" парвозҳо ба Арабистони Саудӣ, шаҳри Ҷидда муаррифӣ шуд. Валиев изҳор дошт, ки феълан иҷозати мақомоти ҳавопаймоии Арабистони Саудиро интизоранд.
Ин масир, ки аз ҳисоби хоҳишмандони зиёрати маконҳои муқаддаси мусалмонон, аз ҷумла шаҳрҳои Маккаю Мадина метавонад талаботи зиёд дошта бошад, парвозҳои нисбатан бештар хоҳад дошт.
Раиси "Сомон Эйр" изҳор дошт, ки ният доранд ба Ҷидда ҳафтае то 3 бор парвоз кунанд, ки аз ҷумла аз шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Масири дигар, ки ин ширкат нияти парвоз ба он ҷоро дорад, Душанбе - Исломобод муаррифӣ шуд, ки интизор меравад, моҳҳои феврал - март оғоз гардад.
Мақомоти авиатсияи гражданӣ инчунин аз нақшаи парвозҳо ба Гурҷистону Озарбойҷон гуфтанд, ки интизор меравад, ояндаи наздик татбиқ шаванд.