ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Гардиши савдои хориҷии шаҳри Исфара дар соли 2022 ба 31,6 млн. доллар расидааст, иттилоъ додааст дар ин бара мақомоти шаҳри Исфара дар нишасти матбуотии ахир.
Тибқи иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 2,8 млн. доллар зиёдтар будааст.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид шудааст, ки минтақаи Исфара ба кишварҳои хориҷ 35 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст.
Шаҳри Исфара ба кишварҳои хориҷ 30,6 ҳазор тонна меваи хушк, 837 тонна маҳсулоти консервагӣ, 65 тонна маҳсулоти саноатӣ, 574 тонна семент ва дигар намуди маҳсулот содир кардааст.
“Бо ҳисоби пулӣ ба маблағи 22 млн. доллар маҳсулот содирот гардид, ки нисбат ба соли 2021 ба андозаи 9,2 млн. доллар ё қариб 80 дарсад барзиёд мебошад”, - таъкид кардааст мақомоти шаҳри Исфара.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои мақомоти шаҳри Исфара воридоти маҳсулот баръакс 33,5 дарсад ва ё ба андозаи 4,8 млн. доллар кам шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Суғд хабар дода буд, ки савдои хориҷии вилояти Суғд ва ҷумҳурии Қирғизистон давоми соли 2022 ҳудуди 7 баробар коҳиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ки шаҳри Исфара ҳаммарз бо қирӯизистон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти шимолии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон соли гузашта 3,6 млн долларро ташкил додаст.
Бар пояи маълумотҳои оморӣ давоми соли 2021, ҳаҷми гардиши мол дар ин масир беш аз 25 миллион доллар рақам зада мешуд.
Соли гузашта ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ ба 2,4 млн доллар ва саҳми содирот 1, 2 млн доллар ҳисоб шудааст.
Тибқи рақамҳои гумрукӣ, агар соли 2021, аз Қирғизистон ба Суғд 72 навъ мол ворид шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 6 намуд расид.
Молу маҳсулоти содиротӣ ҳам аз 36 номгӯи соли 2021 ба 5 намуд дар соли 2022 ба коҳиш ёфтаанд.