Маълум шуд, чаро нархи пиёз дар Тоҷикистон гарон шуд - видео

Мақомоти Хатлон иддао дорад, ки сабаби гароншавии пиёз дар бозорҳои вилоят ин кам коридани ин навъи сабзавот ва гарон будани нуриҳои минераливу сӯзишврӣ будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон сабаби болорафтани нархи пиёз дар бозрҳои вилоятро шарҳ доданд.
Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Хатлон, Акмал Иброҳимиён зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки сабаби аслии болоравии нархи пиёз дар бозорҳо ин кам корида шудани ин навъи сабзавот дар вилояти Хатлон будааст.
Ба гуфти ӯ, ба сабаби арзон будани нархи пиёз солҳои 2020-2021 (тақрибан 50-70 дирам), деҳқонон ба ин навъи сабзавот камтар таваҷҷуҳ кардаанд.
"Соли 2022 дар вилояти Хатлон 1047 гектар камтар пиёз кишт шуд. Сабаби дигараш баланд будани нархи нуриҳои минералӣ ва сӯзишврӣ буд", - гуфт Иброҳимиён.
Бояд гуфт, ки тақрибан 20 рӯзи охир нархи пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта то 8 сомонӣ расидааст.
Бояд гуфт, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки содироти пиёз, картошка ва сабзиро ба хориҷ аз кишвар манъ кард.
Вазири кишоварзии кишвар Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотии ахир гуфт, ки дар ин бора президенти кишвар дастур додааст.
“Дар маҷлиси ахири ҳукуматӣ президенти кишвар ба ҳама мақомот дастур дод, ки то муътадил шудани вазъи бозор, содироти ин маҳсулот қатъиян манъ карда шавад”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, гаронии нархи пиёз дар дигар давлатҳои ҳамсоя низ ҳаст, аммо мо он захираҳои доштаамонро агар дуруст истифода кунем, то ҳосили нав мерасад.
Бино ба пешбинии вазир пиёзи нав ба бозори дохилӣ даҳаи аввали моҳи апрел мерасад.