ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ дар соли гузашта 1207 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122 ада кам мебошад, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ хароҷоти маъракаҳои гузаронидагшуда ба таври умумӣ тақрибан 8,6 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 2,5 млн сомонӣ зиёдтар масраф шудааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар ин давра назорати санҷиши мунтазам аз ҷониби масъулини мқомоти шаҳри Хуҷанд ва аъзоёни комиссияи доимии маҳалӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоронида шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар натиҷаи санҷишҳо нӯҳ ҳолати қонуншиканӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо ошкор карда шудааст.
Қайд карда шудааст, ки нисбати шахсони қонуншикан парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд ирсол шудааст.