ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Интиқоли пул аз Русия ба як қатор кишварҳои пасошӯравӣ чанд маротиба афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, маблағи рекордии пул аз Русия ба кишварҳое чун Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистн интиқол дода шуд.
Тибқи маълумоти нашркардаи Бонки миллии Қазоқистон дар соли 2022 аз Русия ба Қазоқистон 357 миллиард танга ё тақрибан 775,4 миллион доллар фиристода шудааст. Ин рақамҳои рекордӣ дар давоми ҳашт сол мебошанд.
Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Ӯзбекистон дар охири соли гузашта 14,5 миллиард долларро ташкил дод, ки дар як сол 2,6 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли гузашта афроди алоҳида аз Русия ба Қирғизистон танҳо тавассути низоми интиқоли пул 2,6 миллиард доллар фиристодаанд.
Яке аз сабабҳои ин омил афзоиши хариди молҳо аз хориҷи кишвар буд, ки бинобар таҳримҳо дигар дар Федератсияи Русия фурӯхта намешаванд, менависад РБК.
Илова бар ин, шаҳрвандони Федератсияи Русия ба кишварҳои ИДМ бештар сафар мекунанд, аз ҷумла бо мақсади сайёҳӣ.
Ҳамчунин, ба афзоиши ҳаҷм, интиқоли маблағҳои ба даст овардаи муҳоҷирон ба Ватан низ таъсир расонд.
Қаблан хабар дода шуд, шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Маскав бо патент кор мекарданд, дар соли 2022 ба буҷаи пойтахти Русия маблағи рекордии андоз интиқол додаанд. Ҳаҷми даромадҳои андоз аз хориҷиён нисбат ба соли 2021, 45% афзоиш ёфтааст.