Аз 8 дараҷа гармӣ дар Душанбе то 31 дараҷа сардӣ дар ВМКБ: пешгӯии ҳавошиносон

Ҳарорати ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 31 дараҷа, дар Суғд то 12 дараҷа ва дар Хатлон то 2 дараҷа аз сифр поён хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 26-31дараҷа хунук ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм дар назар аст.
КҲФ: Дар сардиҳо қоидаҳои бехтарии сӯхторро риоя намоеду неруи барқро сарфа кунед
Ҳавои Хатлон низ абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф ба амал ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борону барф ва фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ба иттилои ҳавошиносон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад, таъкид намудаанд ҳавошиносон.