Муҳриддин бо ҳамтои қирғизи худ чиро баррасӣ кард

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз сурат гирифтани суҳбати телефонӣ миёни вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Жээнбек Кулубаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар нашр намуд. Ба иттилои манбаъ, суҳбати вазирони хориҷии ду кишвар бо дархости ҷониби Қирғизистон сурат гирифт.
"Зимни суҳбат ҷонибҳо атрофи мавзӯҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар карда, масоили омодагӣ ба чорабиниҳои дар соли 2023 дар сатҳи олӣ ва баланд банақшагирифташударо мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.
Манбаъ ҷузъиёти бештари суҳбати телефониро ифшо накард. Танҳо зиёр намуд, ки гуфтугӯи вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар руҳияи созанда сурат гирифт.
Моҳи январи соли ҷорӣ аъзои ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвари ҳамсоя як ҳафта масъалаи ҳалли низоъҳои марзиро баррасӣ карданд. Дар пайи мулоқот ҷонибҳо протоколи нав оид ба масъалаҳои марзиро имзо намуданд.
Суғд бо Қирғизистон чӣ додугирифт дорад?
Қобили зикр аст, ки Бишкек ва Душанбе якдилона мӯътақиданд, ки масоили баҳсбарангези марзӣ бояд ҳарчӣ зудтар ҳал шаванд ва ният доранд, ки музокиротро имсол анҷом диҳанд.
Тибқи маълумоти ахир, хати марзии мувофиқашуда миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 625 километр ё 63 дарсадро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дарозии умумии хатти иртибот байни кишварҳои ҳамсоя 980 километрро ташкил медиҳад.