ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар пойтахти Русия муҳоҷирони корӣ 3,8 миллион патент гирифтанд. Чунин миқдор иҷозатномаи кор дар Маркази бисёрсоҳавии Маскав дар давоми 8 соли кор дода шудааст.
Дар ин бора раиси департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав Мария Багреева хабар дод.
"Дар давраи аз соли 2015 то 2022 Марказ барои кор дар пойтахт 3,8 миллион патент додааст", - гуфт Багреева.
Ба гуфтаи вай, аз моҳи ноябри соли 2021 ин марказ барои гирифтани патент барои фаъолият дар вилояти Маскав хидмат мерасонад.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта 322,000 дода шудааст. Багреева ҳамчунин қайд кард, ки дар соли 2022 тақрибан 1,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ дигар расмиёти ҳатмии гирифтани патентро аз сар гузаронидаанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро дар бораи тавсеаи салоҳияти Вазорати корҳои дохилӣ дар самти расонидани хадамоти давлатӣ ба муҳоҷирон қабул кард.
Аз ҷумла, бахши "шиносномаву раводид" -и тобеи Вазорати корҳои дохилӣ ба қабули дархостҳо барои аз нав ба расмият даровардани патент, додани раводид, даъватнома ва иҷозатномаи будубоши муваққатӣ шурӯъ мекунад.
Бояд гуфт, ки худи субъектҳои Русия миқдори квотаҳои солонаро барои муҳоҷирон муқаррар кардаанд.
Ҳамин тариқ, хориҷиён метавонанд аз дастрасӣ ба он касбҳое, ки одатан сокинони маҳаллӣ дар як минтақаи мушаххас муроҷиат мекунанд, маҳрум карда шаванд.