Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Марг аз COVID-19 дар Ҷопон бори аввал аз даҳ ҳазор нафар гузашт

Марг аз COVID-19 дар Ҷопон бори аввал аз оғози пандемия аз даҳ ҳазор нафар гузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Шумораи ҷонбохтагон аз коронавирус дар Ҷопон дар моҳи январ барои аввалин бор аз замони оғози пандемия аз 10000 нафар гузашт.
Дар як рӯзи охир дар Ҷопон 252 нафар бар асари сирояти нави коронавирус фавтиданд. Ҳамин тариқ фавт аз ин маризӣ дар моҳи январ ба 10124 нафар расид, ки ин шумора аз оғози пандемия рекордӣ шуд.
Зимнан, дар давоми рӯз дар Ҷопон 54,7 ҳазор нафар ба COVID-19 гирифтор шуданд.
Дар Русия пайдоиши сирояткунандатарин навъи коронавирус аз эҳтимол дур нест
Афзоиши якбораи фавт аз коронавирус дар Ҷопон аз аввали моҳи декабр ба мушоҳида мерасад. Дар давраи пандемия дар Ҷопон беш аз 67,000 нафар аз коронавирус фавтиданд.
Аммо агар дар моҳи октябр 1800 нафар, дар моҳи ноябр беш аз 3000 нафар фавтида бошанд, пас дар моҳи декабр ин рақам ба 7600 нафар расид.
Дар баробари ин, 97% тамоми фавтидагон дар категорияи синну соли аз 60 боло рух медиҳанд.