ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои туркманаш, Сардор Бердимуҳаммадов ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди робитаҳои дипломатии ду кишвар шодбош гуфтаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш изҳор доштааст, ки анъанаҳои дӯстӣ, рафоқат ва ҳамкории созандаи мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон решаҳои бисёрасра доранд.
"Боиси қаноатмандист, ки робитаҳои байнидавлатии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон бар асоси ин пояи мустаҳкам то имрӯз риштаҳои мухталифи мавриди манфиатҳои тарафайнро фаро гирифта, ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадаанд", - афзудаст ӯ.
Вай ҷонибдорияшро аз идомаи талошҳои муштараки минбаъда барои таҳкими ҳамкориҳо баён доштаст.
Бердимуҳаммадов низ дар паёмаш изҳор доштаст, ки айни замон шарикии тиҷоративу иқтисодии Туркманистону Тоҷикистон рӯ ба густариши босуръат ниҳода, ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбанд, робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, фаъол гашта истодаанд.
"Омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ҳамкории минбаъда ва ба ҳам овардани талошҳои муштарак баҳри ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои дуҷониба иброз менамоям", - афзудаст ӯ.
Бердимуҳаммадов ба Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳаш ба рушди шарикии Туркманистон ва Тоҷикистон сипос гуфта, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатияш комёбиҳои навин ба хотири пешрафту шукуфоии мардуми Тоҷикистон орзу кардаст.