Молдова хавфи тарк аз ИДМ-ро баҳогузорӣ кард

Раҳбари Агентии ҷалби сармоягузории Молдова, гуфтааст, ки агар кишвараш ИДМ тарк намояд ҳазорҳо ҷои кор ва миллионҳо евроро аз даст медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Агар Молдова ИДМ-ро тарк намояд, иқтисоди кишвар метавонад даҳҳо миллион евроро аз даст медиҳад ва беш аз 20 ҳазор нафар бе ҷойи кор мемонанд, гуфт роҳбари Агентии ҷалби сармояи Молдова Марин Чобану.
Қаблан Нику Попеску, муовини нахуствазир, вазири умури хориҷии Молдова гуфта буд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дигар фаъолият намекунад, аз ин рӯ Молдова дар ҷаласаҳои ин созмон ширкат нахоҳад кард.
Вай таъкид кард, ки мақомот муҳим ё муфид будани Молдова дар ин созмонро таҳлил мекунанд.
Игор Гросу, раиси порлумони Молдова низ соли гузашта гуфта буд, ки Кишинёв бояд масъалаи хуруҷ аз ин созмонро ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунад. Молдова дар тӯли соли 2022 ҷаласаҳои ИДМ ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро, ки дар онҷо нозир аст, нодида гирифт.
Соли нав вазифаи нав: Дар сохтори ИДМ вазифаи нав - Дабири кулл ташкил шуд
"Ҳоло ман бо итминон гуфта наметавонам, ки оё барои Молдова хориҷ шудан аз ИДМ мувофиқ аст ё на. Шояд бо назардошти вазъи сиёсӣ, фурсат дуруст аст. Аммо мо бояд ҳисоб кунем, то оқибатҳоро арзёбӣ намем. Ман мегӯям, ки мо метавонем 20 ё 50 миллион евроро аз даст дихем. Шояд мо 50 миллионро он қадар муҳим набошад, аммо мо бо ИДМ шартномаҳои ҳамкорӣ дорем. Агар гӯем, ки аз минтақаи ИДМ баромадан ба мақсад мувофиқ аст, дар ин сурат мо 20 ҳазор ҷойи кориро аз даст хоҳем дод, пас дар вазъияти кунунӣ бояд далел дошта бошад", - гуфт Чобану дар мусоҳиба бо Nordnews.
Ин мансабдор шубҳа дорад, ки Молдова ба зудӣ сармоягузоронро ҷалб мекунаду дар муддати кӯтоҳ 20 ҳазор нафарро ба ҷойи кор таъмин хоҳад кард.
"Ман бо такя ба таҷрибаи худ дар минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Балти гуфта метавонам. Барои ҷалби сармояи 300 миллион евро ба мо 12 сол лозим шуд. Барои овардани як сармоягузори нав тақрибан ду-се сол лозим шуд", - афзуд роҳбари Агентии ҷалби сармоягузорӣ.
Қаблан Департаменти якуми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки сарфи назар аз изҳороти сиёсатмадорони воломақоми Молдова дар бораи муҳим набудани узвияти Кишинёв дар ИДМ, ҷумҳурӣ ҳамчунон аз имтиёзҳои ИДМ баҳра мебарад ва аз иттиҳодия баромадани он ба сокинони оддӣ таъсири манфӣ мерасонад. Зиёда аз 25 дарсади муомилоти тиҷоратии Молдава ба ИДМ рост меояд.