ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Cоли гузашта дар Ҳисор аз тарафи сокинон 4 163 тӯю маърака, аз ҷумла 3761 тӯйи домодию арӯсӣ, 229 маросими чил, 173 маросими сол ба қайд гирифта шуд, иттилоъ дод мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти шаҳр, Юсуфалӣ Ҳасан.
Вай гуфт, маблағи умумии дар маросиму маъракаҳои сокинон масрафгардида, 18 миллиону 613 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад.
“Дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ 1175 рейди назоратӣ доир намудем. Дар рафти санҷиш 13 ҳолати қонуншиканиӣ ошкор гардид, ки дар қиёс ба соли 2021 се ҳолат кам мебошад. Бар зидди қонунвайронкунон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба суди шаҳри Ҳисор ирсол намудем. Онҳо ба маблағи 42 ҳазору 304 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд”,- гуфт ӯ.
Инчунин Юсуфалӣ Ҳасан гуфт, соли гузашта дар байни мансабдорон қонуншиканӣ вобаста ба танзими анъана ошкор нагардидааст.
“Сокинон низ, моҳият ва мақсади қонунро дар сатҳи олӣ дарк карда, поймолшавии он сол ба сол коҳиш меёбад. Сарфаю сариштакорӣ василаи хуби беҳсозии шароити зисту зиндагӣ барои мардум мебошад”, - таъкид кард мақомдори тоҷик.
Зикр карда шуд, ки кормандони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти шаҳри Ҳисор дар ҳамбастагӣ бо намояндагони бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, шурои уламо ва дигар масъулони марбута, дар байни сокинони шаҳр, бавижа ҷамоатҳои деҳот, ҳамвора вохӯрию мулоқот мегузаронанад ва дар ҳамаи вохӯриҳо моддаю бандҳои қонуни танзимро тавзеҳ медиҳанд.