Бозгашти футболбозони тоҷик ба "Истиқлол" баъди омадани Черевченко

Ду футболбози легионери тоҷикистонӣ, ки замоне ба тимҳои ӯзбекистонӣ пайваста буданд, дигарбора ба тими "Истиқлол"-и Душанбе баргаштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раванди интихоб дар бошгоҳи футболи "Истиқлол" баъди ба вазифаи сармураббӣ таъйин шудани Игор Черевченко идома дорад.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон маълум шуд, ду легионери тоҷик, ки қаблан дар тимҳои Ӯзбекистон бозӣ мекарданд, ба тими ватанӣ баргаштанд.
Аз ҷумла Алишер Ҷалилов, ки дар бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон бозӣ мекард, ба тими Душанбе пайваст. Ӯ моҳи январи соли 2022 аз "Истиқлол" ба АГМК (Олмалиқ) рафта буд.
Футболбози дигари шинохтаи тоҷик, Эҳсони Панҷшанбе, ки нахуст дар тими "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон бозӣ карда, сипас ба "Зоб Аҳан"-и Исфаҳони Эрон гузашт, интизор меравад, ки дигарбора ба Душанбе баргардад.
Футболбози беларусӣ мехоҳад шаҳрванди Тоҷикистон шавад
Гуфта мешавад, ки феълан Эҳсони Панҷшанбе танҳо дар тамринҳои "Истиқлол" ширкат мекунад, аммо дар ояндаи наздик дар назар аст бо "Истиқлол" шартнома бандад. Футболбоз, ки ним мавсимро дар "Зоб Аҳан" гузаронд, ба хотири тамрин таҳти роҳнамоии Черевченко шартномаро пеш аз мӯҳлат қатъ кардааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда боз ду легионери тоҷик аз Молдова ба "Истиқлол" баргарданд. Дар ин фаҳраст Меҳрубон Каримов ва Кабир Салимшоев ном бурда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки миёнаҳои моҳи январ Игор Черевченко сармураббии дастаи "Истиқлол" таъйин шуд. Ӯ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки бо имзои қарордод бо бошгоҳи тоҷикистонӣ, чолиши ҷадидеро пазируфтаст.