Ҷавонтар аз Рустами Эмомалӣ, забондону серфарзанд: Нашри ҳолномаи ноиби нави раиси Душанбе

Муовини нави раиси Душанбе 34-сола, донандаи забонҳои русӣ, туркӣ ва англисӣ муаррифӣ мешавад, ки аз мақоми муовини вазири иқтисод ба шаҳрдорӣ омад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе расман ҳолномаи муовини нави Рустами Эмомалӣ, раиси пойтахтро нашр кардааст, ки моҳи равон ба ин мақом таъйин гардид.
Бар асоси ҳолнома, муовини нав - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ 34 сол дошта, соли 2010 Донишкадаи Ню-Йорки ва соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон хатм кардааст.
Таъкид шудааст, ки муовини нав феълан дар ҳоли ҳимояи рисолаи номзадии илмӣ дар мавзӯи ҳамгироии Тоҷикистон ба низоми байналмилалии савдо қарор дошта, забонҳои русӣ, туркӣ ва англисиро медонад.
Дар мавриди вазъи оилавии Абдураҳмонзода иттилоъ дода шудааст, ки оиладор соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Барканорию таъйинот дар тими Рустами Эмомалӣ бо фармони президент
Аз собиқаи корияш зикр шудаст, ки солҳои 2012-2013 мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, солҳои 2013-2015 мутахассиси пешбар ва солҳои 2015-2018 сармутахассис дар ин ниҳод будаст.
Ҳамзамон солҳои 2016 -2018 ба ҳайси омӯзгори соатбай аз фанни "Иқтисодиёти ҷаҳон" дар Кафедраи муносибатҳои байналмилалии Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс медодаст. ;
Солҳои 2018-2020 сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва солҳои 2020-2023 муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ будаст.