Эдвард Мосберг, ки аз ҳолокост ҷон ба саломат бурд ҳамроҳи наберааш дар роҳпаймоӣ ба хотири қурбониён иштирок мекунад.
Интихоби рӯзи ёди қурбониёни ҳолокост тасодуфӣ нест, чун маҳз 27 январ, аскарони шӯравӣ лагери ташкилкардаи нозиҳо бо номи Освенсимро дар қаламрави Лаҳистони имрӯза озод карданд.
Ба ҳолати субҳи 27 январи соли 1945 дар лагерҳои Освенсим ва Биркенау тақрибан 7 ҳазор маҳбус боқӣ монда буд.
Ҳисоб карда шудааст, ки дар замони ҳукмронии нозиҳо дар лагерҳои ташкилкардаашон ҳудуди 6 млн яҳудӣ кушта шудаанд.
Холокост як раванди давомдоре буд, ки дар саросари Аврупо тайи солҳои 1933 ва 1945 рух додааст.
Он замоне, ки Адолф Гитлер ва ҳизби фашистӣ дар Олмон ба қудрат расиданд, оғоз ёфта, замоне, ки нерӯҳои иттиҳодӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Олмони фашистиро шикаст доданд, ба анҷом расид.
Намоиши акси зиндамондаҳо аз даврони ҳолокост ба хотири фаромӯш накардани рӯзҳои даҳшатбор.
Бародару хоҳаре, замони ҳолокост ҷудо шуданду баъди даҳсолаҳои ҷудоӣ тавонистанд, ба дидори ҳам бирасанд.
Дар маҷмуъ Олмони фашистӣ 5 лагери марговар сохт, ки Хелмно, Белзек, Собибор, Треблинка ва Освенсим-Биркенау. Зиндамондаҳо бори он сангиниҳоро то ҳол мекашанд.
Това Фридмани зодаи Лаҳистон, ки аз Ҳолокост наҷот ёфт, акси кӯдакии худро бо модараш дар Конгресси ҷаҳонии яҳудиён нишон медиҳад.
Яҳудиёни ултраортодоксалӣ дар бошгоҳи солхӯрдаҳо дар Иерусалим ҳамасола қурбониёни лагерҳоро ба ёд меоранд.
Намоиш дар осорхонаи ҳолокост дар Хюстон бо номи "Анна Франк: албоми шахсии суратҳо".