ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Ҳамасола қариб 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ба касбомӯзии аҳолии бекор, бахусус занону ҷавонон афзалият дода шудааст, иттилоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷриат ва шуғли аҳолии кишвар.
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои таъмини аҳолӣ бо шуғли муносиб ҳамчун ҳадафи стратегии мамлакат соли 2022 Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040 аз ҷониби вазорат таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Гуфта шудааст, ки айни замон таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул идома дорад.
Ёдоври мекунем, ки тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон расман дар Тоҷикистон дар соли гузашта 51 ҳазор бекор ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои мақомоти Русия тақрибан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин оморро рад мекунад ва мегӯяд дар як сол ҳамагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия бештар аз 400 ҳазор нафар меравад.