ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Нерӯҳои Русия вориди шаҳри Угледар шуданд, гуфт Игор Кимаковский, мушовири иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ҶМД.
"Сарбозон дар гушаи шаҳр худро мустақар карданд, ба ин васила монеи нерӯҳои душман шуданд”, - гуфт ӯ дар барномаи Соловёв Live.
Кимаковский тавзеҳот дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош доранд, ҳамлаи ҷавобӣ анҷом диҳанд, аммо нерӯҳои тӯпхонаии Русия лаҳза ба лаҳза ба душман зарба мезанад.
Ба қавли ӯ, ҳоло вазифаи асосии нерӯҳои Русия на ҳамла ба Угледар, балки аз рӯи шабеҳи Соледар шаҳрро дар шамча гирифтан аст.
"Ин тактик хеле ҷиддӣ самаранок аст", - гуфт Кимаковский.
Рӯзи сешанбе иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ҶМД Денис Пушилин дар бораи пешрафти артиши Русия дар самти Угледар хабар дода буд. Вай ҳамчунин дар бораи муваффақиятҳои артиши Русия дар минтақаи Великая Новоселовка хабар дод.
Аз 24 феврали соли гузашта инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина анҷом медиҳад. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Назди артиши Русия вазифаҳои озод кардани Донбасс ва кафолати амнияти Русия гузошта шудааст.