Рекорди тавлиди барқ дар Тоҷикистон

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар давоми соли 2022 дар Тоҷикистон дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2021-ум ба андозаи 776 млн кВт ё қариб 4% зиёд гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон ба 21,4 млрд киловатт – соат расонида шуд, иттилоъ дод раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ зимни ҷаласаи ахири ҳукумат, ин нишондиҳандаро баландтарини дар даврони соҳибистиқлолӣ гуфта, дастоварди назаррас унвон кард.
Ҳамзамон бо ин раисҷумҳур ҷой доштани камбудиҳо дар соҳаро эътироф карда, масъулини бахшро барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муваззаф кардаст.
Ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи неруи барқ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо аз супоришҳои дигари президент ба масъулин будааст.
Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистонро зиёд кардаст
Ҳамчунин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об супориш дода шуд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёду таҷдиди иқтидорҳои энергетикии кишвар чораҷӯӣ намоянд.
Татбиқи лоиҳаҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ аза самтҳои дигари рушди соҳа арзёбӣ шудааст.
Президент ҳамчунин дастур додааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои баланд бардоштани самаранокии низоми истифодаи неруи барқ дар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Вазорати энергетика ва ширкати "Барқи тоҷик" муваззаф гардидаанд, ки таъминоти муназзам дар давраи боқимондаи зимистони соли 2023-ро таъмин намоянд.