ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши сусти барф дар назар аст, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфрезӣ ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои абрнок фаро гирифта, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф дар назар буда, дар бархе навоҳӣ тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мегардад.
Дар Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказзро низ ҳавои абрию қисман барфрезии суст фаро гирифта, дар водиҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар Душанбе низ барфрезии суст ва фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳарорат шабона 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.