Раисӣ: Равобити иқтисодии Теҳрону Маскав дар ҳоли тақвият аст

Раисҷумҳури Эрон дар дидор бо раиси Думаи Русия таъкид кард, ки равобити иқтисодии Теҳрону Маскав дар ҳоли тақвият ва афзоиш қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Дар теҳрон мулоқоти раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин сурат гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар дидор бо раиси Думаи Русия қа йд кардааст, ки баҳрагирӣ аз зарфиятҳои Теҳрону Маскав илова бар таъмини манофеи ду кишвар метавонад манофеи минтақаӣ низ эҷод кунад.
“Ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталифи тиҷорӣ, энержӣ, тронзиту ҳамлу нақли зарфиятҳои зиёд ва гуногун доранд, ки метавонад дар заминаи густариши ҳамкориҳо фаъол шавад”, - афзуд Раисӣ.
Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки Теҳрон иҷрои комили тавофуқот бо Маскавро дунбол мекунад, афзуд, ки зарфиятҳои ду тараф метавонад мукаммили якдигар бошад ва баҳрагирӣ аз онҳо илова бар таъмини манофеи ду кишвар метавонад манофеи минтақаӣ низ эҷод кунад.
Бонки марказии Эрон ба тавсеаи муносиботи пулӣ ва бонкӣ бо Русия омодааст
Дар ҳамин ҳол, Вячеслав Володин низ дар ин дидор мавозеъи раисҷумҳури Эронро дар бораи тақвияти равобити минтақаӣ ва ҳамсоягиро осонкунанда густариши ҳамкориҳои ду кишвар донист.
“Русия низ ҳамин рӯйкард ва назарро дар бораи афзоиши сатҳи таъомулот бо Эрон дорад ва дастури кори Маскав бар асоси иродаи сарони ду кишвар талош барои тавсеаи пайвастаи ҳамкориҳо аст”, - таъкид кард Володин.