ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент, Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷаласа дар бинои ҳукумати ҷумҳурӣ феълан идома дорад.
"Дар маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат иштирок мекунанд.
Инчунин роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ иштирок доранд.
Ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола дар аввали сол баргузор гардида, дар он ҳисоботҳо шунида мешаванду бурду бохтҳо баррасӣ мегарданд.
Баъзан дар пайи ҷаласаҳои васеъ президенти Тоҷикистон дар сохторҳои мақомоти давлатӣ тағйироти кадриро анҷом медиҳад.