ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” оғоз гардид, иттилоъ додааст вазорати маорифи кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, даври ҷумҳуриявии озмун 3 рӯз давом намуда, дар он мураббияҳои муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Аз ҷумла дар ин озмун мураббияҳои таҳсилоти томактабии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода, муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и шаҳри Хоруғ Маҳина Мамадодиева, муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон Муҳаррам Набизода, муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Малика Саидова ва муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Ваҳдат Ҳамида Шарипова иштирок хоҳанд кард.
Озмун аз рӯйи 6 шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ сурат мегирад.
Вазорати маориф мақсад аз баргузории озмуни мазкурро баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ, нишон додани мавқеъ ва маҳорати мураббиён дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии онҳо арзёбӣ кардааст.