Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон

Дар пайи боло рафтани қурби рубл дар баробари доллари амрикоӣ дар биржаи Маскав афзоиши нархи пули Русия дар бозори нақди Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Нархи як ҳазор рубл дар бозори арзи Тоҷикистон 148,5 сомонӣ муқррар шудааст, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзҳои қабл 0,5 сомонӣ зиёдтар мебошад.
Пули Русия аз ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон муътадил дар сатҳи 148 сомонӣ барои 1 ҳазор рубл қарор дошт.
Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран дар биржаи Маскав низ арзиши он боло рафта то ба 68,6 рубл барои як доллар расид. Бонки марказии Русия қурби расмии асъорро дар рӯзҳои корӣ бо истифода аз қурбҳои бозории биржаи Маскав муқаррар мекунад.
Дар ҳамин ҳол нархи доллару евро низ дар бозори нақди Тоҷикистон боло рафта, айни ҳол 1 доллари ИМА — 10.2697 сомонӣ ва 1 евро – 11.1714 сомонӣ нарх дорад.
Вакили тоҷик аз мардум хост, дороияшонро бо тило нигоҳ доранд, на доллару евро
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон иттилоъ дода шудаст, ки ҳазор рубли русӣ ба ивази 148,5 то 151,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Арзиши доллар зимни харидуфурӯш дар муассисаҳои қарзии ҷумҳурӣ аз 10.2697 то 10.2800 сомонӣ ва евро аз 11.1714 то 11.3200 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.