Дар Русия шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ гирифту дар Тоҷикистон боздошт шуд

Ҷавони 26-солаи тоҷик, ки барои идораи мошин дар Тоҷикистон ҳангоми мастӣ аз ҳаққи идора маҳрум шудаст, дар Русия шаҳодатномаи қалбакии тоҷикӣ гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Нозирони роҳ дар шаҳри Конибодом ронандаи ҷавонеро боздошт кардаанд, ки мошинро бо ҳуҷҷати қалбакии ронандагӣ идора мекардааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мошини "Опел" таҳти идораи сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодомро манъ карда, ҳуҷҷатҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Муайян шудааст, ки ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳандаи ронандагӣ аз ҷониби ҷавон сохтакорӣ шудааст.
"Шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ барои идораи нақлиёти сабукравро гумонбаршуда бар ивази 5 ҳазор рубли русӣ ба даст оварда, онҷо истифода ва баъди бозгашт мехост дар Тоҷикистон низ истифода барад, аммо боздошт аст", - омадааст дар иттилоия.
Ҳалокати 3 ҷавон дар роҳи Душанбе - Кӯлоб бар асари садама дар рӯзҳои истироҳат
ВУД мегӯяд, ронандаи мазкур дар Конибодом ҳануз соли 2021 барои дар ҳолати мастӣ идора кардани автомашина бо ҳукми додгоҳ 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шуда буд.
Фарқ ва муайян кардани шаҳодатномаи қалбакии сохтакоришуда аз шаҳодатномаи аслӣ барои кормандони БДА мушкилие надорад, зеро онҳо мунтазам аз курсҳои махсуси такмили ихтисос гузашта нозукиҳои самти фаъолияти худро меомӯзанд, афзуд ВУД.
Алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 340-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ВУД аз сокинон даъват намудааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва расмиёти марбутаро риоя кунанд.