ВУД шумораи қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷирати Маскавро эълон кард

Пулиси пойтахти Русия натоиҷи кори як соли ахирро ҷамъбаст карда, аз ҷумла дар бораи шумори нақзи қонунгузории муҳоҷират хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Соли гузашта дар Маскав беш аз 214 ҳазор қонуншикании маъмурии қонунгузории муҳоҷират ошкор карда шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, пулиси пойтахт бо ширкати муовини вазири умури дохилӣ Владимир Кубишко натиҷаи кори як соли ахирро ҷамъбаст кардааст.
"Зиёда аз 214 ҳазор ҳуқуқвайронкунии маъмурии қонунгузории муҳоҷират ошкор шудааст", - омадааст дар гузориш.
Илова бар ин, соли гузашта мақомоти марбута 7,5 ҳ ҳолати ғайриқонунӣ ба кор қабулшудани муҳоҷиронро ошкор кард. Кормандони интизомӣ ҳамчунин 9,7 ҳазор “вайрон кардани тартиби ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Федератсияи Русия”-ро муайян намудаанд.
Сафири Русия: муҳоҷират бояд қонунӣ ва муташаккил бошад
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буд, ки дар 11 моҳи соли 2022 шумори ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда дар Русия нисбат ба соли қаблӣ қариб 10% афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, суръати афзоиши ҷинояткорӣ дар 5 соли охир ба бузургтарин мизони ҷиноятҳо табдил ёфтааст.