Сардӣ сӯхтор дар Суғдро зиёд кардаст

Мақомоти оташнишонӣ аз якбора зиёд шудани ҳолатҳои сӯхтор дар вилояти Суғд ҳушдор дода, шаҳрвандони минтақаро ба эҳтиёткорӣ даъват намудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Аз аввали соли равон дар вилояти Суғд 35 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудаанд, ки ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳолат зиёд аст.
Ба иттилои идораи оташнишонӣ омори мазкур аз 1 то 17 январро фаро гирифта, далели афзоиш сардиҳои шадид мебошанд, ки ҷумҳурироро фаро гирифтаанд.
Телевизиони "Азия" аз қавли масъулин овардааст, ки теъдоди нисбатан зиёди сӯхтор аз 10 то 17 январ ба қайд гирифта шудааст.
Таъкид гардидааст, ки тайи ин ҳафта 19 ҳодисаи сӯхтор рух додаанд, ки асосан ба сардиҳо рабт дода мешаванд.
Зарари расондаи сӯхторҳо дар Суғд 425 ҳазор сомонӣ арзёбӣ гардида, ҳаҷми молҳои наҷотдода 7 млн сомонӣ гуфта мешавад.
КҲФ: Дар сардиҳо қоидаҳои бехтарии сӯхторро риоя намоеду неруи барқро сарфа кунед
Оташнишонҳо мегӯянд, сӯхтор дар минтақа асосан дар вақти шабона ҳангоме рух медиҳанд, ки мардум талош мекунанд, бо ҳар восита хонаҳояшонро гарм кунанд.
Зикр гардидааст, ки танҳо як ҳолати маргбори сӯхтор аз аввали сол дар Суғд сабт шудааст, ки феълан таҳқиқи сабабҳои он идома дорад.
Мақомоти оташнишонии Суғд илова намудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш чораҳои профилактикиро низ роҳандозӣ кардаанд.
Аз ҷумла зикр шудааст, ки санҷишу корҳои фаҳмондадиҳӣ дар беморхона, кӯдакистон, хонаҳои пиронсолон ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ гузаронда шудаанд. Илова шудааст, ки бехатарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла бозорҳо низ таҳти назорати мақомоти оташнишонӣ қарор дорад.