Бунёди 522 корхонаи саноатӣ дар зарфи 22 сол дар Хатлон

Мақомоти вилояти Хатлон иддао дорад, ки соҳаи саноати вилоят рушди устувор дорад ва шумораи корхонаҳои саноатӣ сол аз сол афзоиш меёбанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 128 адади соли 2000-ум ба 716 адад дар соли 2022 расидааст, ки 5,6 маротиба зиёд мебошад, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Хатлон.
Манбаъ хабар додааст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо дар соли 2022 дар вилоят 128 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд гардидаанд.
Мақомоти вилояти Хатлон бар он аст, ки дар самти рушди саноат, ки муҳаррики асосии рушди иқтисодиёти дилхоҳ давлат ба ҳисоб меравад, корҳо боз ҳам бояд тақвият дода шаванд.
Соли бобарори Хатлон: Раиси вилоят гуфт, буҷа чанд шуду саноат чӣ қадар
Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки тибқи дурнамо, то соли 2026 дар вилояти Хатлон бунёди беш аз 6 ҳазору 200 иншооти истеҳсолию маишӣ, таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои вазорати саноати кишвар Тоҷикистон ният дорад ҳаҷми тавлидоти саноатиро дар панҷ сол 2,5 баробар - аз 38,8 миллиард сомонӣ (3,7 миллиард доллар) дар соли 2021 то ба 95 миллиард сомонӣ (9,3 миллиард доллар) дар соли 2026 афзоиш диҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад то соли 2026 дар маҷмӯъ 870 корхонаи нави саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор диҳад.